БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФУ НОМУСИ МИЛЛАТ АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии деҳаи “Пушинг ”-и ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ   хониши сиёсӣ баргузор гардид.

    Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур  оид ба   дастовардҳои замони истиқлолият ҳамчун арзиши волову муқаддас барои мардуми шарафманди тоҷик  суханронӣ намуда аз ҷумла қайд кард, ки  Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, он ба мардуми кишвар озодӣ, зиндагии шоиста ва файзу баракат дар хонадон, амалӣ шудани ормонҳои  деринаро додааст.Тоҷикистон дар тӯли 28- соли соҳибистиқлолӣ ба бисёр дастовардҳои беназир соҳиб шуда,   дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардид.

    Дар охири чорабинӣ сокинон ҷиҳати дар амал татбиқ кардани   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи  “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як қатор корҳои созандагӣ машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg