БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ӼАР ЯКИ МО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деӽаи Хоҷа-ғалтони Ҷамоати  деӽоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов бо иштироки масъулини ҳизбӣ  хониши сиёсӣ оид ба  самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ баргузор гардид.

   Зимни суҳбат вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ гардида, зикр гашт, ки  мақсади асосии қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руӽияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эӽтироми арзишӽои миллӣ, умумибашарӣ ва фарӽангӣ тарбия намудани фарзандон мебошад. Ҳамчунин ӽифзи ӽуқуқу манфиатӽои фарзандро дар бар мегирад.

   Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди  худогоҳро  зарур аст, қонуни мазкурро маӽаки асосии фаъолияти ӽаррӯзаи худ қарор дода, ӽамкорӣ миёни таълимгоӽ, оила ва ҷомеа боз ӽам мустаӽкам бошад ва фарзандон дар рӯӽияи арзишӽои маънавию ахлоқӣ ба камол расанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg