БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА БЕМОРХОНА МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ТУҲФА КАРД

       ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати  анҷоми амалҳои хайр дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», баҳри  дар амал татбиқ намудани сиёсати ғамхоронаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи сиҳатии мардум, як автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ду адад асбоби ҳозиразамони ултрасадо ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия тақдим карда шуд.     Солҳои зиёд Беморхонаи марказии ноҳия аз надоштани автомашинаи ёрии таъҷилӣ барои  расонидани хизматрасонии тиббӣ ба мардум танқисӣ мекашид. Имрӯз мушкилии мавҷуда бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бартараф гардида, табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз ин иқдом  хуш истиқбол намуда изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg