
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар деҳаи Шунгидараи Ҷамоати деҳоти Сари хосор вохӯрӣ доир гардида, дар он атрофи мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла дар хусуси ба истифодадиҳии чархаи дувуми НБО Роғун ва ба дарки мардум расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда шуд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки дар таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифодадиҳии чархаи дувуми нерӯгоҳи барқии обии Роғун рӯйдоди таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд дар худ дошта бошанд ва дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.