БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИ МИЛЛАТ АСТ

 Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидои ҳизби “Маркази саломатӣ” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки 28-сол муқаддам Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин воқеаи таърихӣ мебошад, сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуд. Ин ҳодисаи фараҳбахш дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли 1991 бо пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваст ва ҳамаи давлатҳои аъзо дар алоҳидагӣ ҳар кадоме соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Дар баробари онҳо Тоҷикистони азиз низ 9-сентябр расман Истиқлолияти давлатиро қабул кард. Аз ҳамон рӯз то инҷониб ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас,  иди саодат, сарфарозӣ, хушбахтӣ ва пирӯзӣ маҳсуб меёбад.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg