БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВОХӮРИҲО ДОИР КАРД

Ҷ.БАЛХӢ.   Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳокимҷон аз ҳавзаи интихоботии “Ҷалолиддини Балхӣ”, №30 бо интихобкунандагон идома дорад.

     Холиқзода Ҳокимҷон ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Балх, Ҷамоатҳои деҳоти Халевард ва Маданият   вохӯриҳо доир намуд.

  Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки Паём роҳнамои халқ ба сӯи фардои дурахшон ва муайянкунандаи самти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Оид ба ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ҳарф заданд.

    Дар қисмати охири мулоқот бобати рушди деҳот, такмил додани соҳаи маориф тавассути тағйирот ворид намудан ба барномаҳои таълимӣ ва амсоли инҳо барин масоили дигар таклифу дархостҳо пешниҳод карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg