
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Бодомту”-и Ҷамоати деҳоти Чагам бо иштироки масъулини ҳизб дар ноҳияи мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоб, ба фаъолият оғоз намудани чархаи дуюми НБО Роғун, ки ба зиндагии сокинон равшанӣ мебахшад, сухан гуфта шуд. Расидан ба қадри меҳнату талошҳои Роҳбари давлат барои пешрафту ободии Ватан, ки аз сокинон масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд, даъват ба амал оварда шуд.