
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин дар бораи омӯзиши бандҳои Паёми навбатии Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагии ҳамаҷониба ба пешвози ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баромад карданд. Иброз гашт, ки Паёми имсола аз пешрафти устувори Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ва сиёсати хориҷии давлат таъкидҳои судманд баён гардиданд.
Ҳамзамон, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимони кулл баргузор гардида, ба 4 нафар ятими кулл, ки бо амри тақдир аз навозишу тарбияи волидайн дур мондаанд, кумаки молиявӣ расонида шуд.