БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА ШУДАНИ ЗАМИН ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МОСТ.

 Ҳамадонӣ: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū.

     Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

    Зимни баромад масъулони Кумитаи иҷроияи мазкур  қайд карданд, ки бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 милиард сомонӣ равона карда шудааст.              Илова шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти  кишоварзӣ 3 баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 милиард сомонии соли 2000 ба 21,3 милиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтаззам афзоиш ёфта истодааст. Зикр гашт, ки дар баробари  ин, зарур аст,  барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа  ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg