БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ АРЗИШНОКТАРИН ДОРОӢ АСТ

Фархор: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū.

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор   дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Имон интернейшнл» хониши сиёсӣ  доир гардид.

 Дар хониши сиёсӣ нотиқон оид ба бунёди  НБО Роғун ва аҳамияти он дар амамалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ суханронӣ намудаанд. Қайд карданд,  ки истиқлолият соҳиби комилҳуқуқи обу замин, тамоми сарватҳо ва давлати худ будан аст. Истиқлолият озодии шахс   дар меҳани худ аст. Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамин ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамлакатҳои ҷаҳон аст. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯву эътибор ва нуфуз мебошаду бисёре аз кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Ҳар фарди ҷомеа, хоҳ сарвар бошаду хоҳ посбони пеши дар бояд амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg