
Темурмалик: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū.
Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” баргузор гардид .
Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда”, дар бораи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории кишвари соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуд.
Дар идома, дар бораи баргаштани 1,3 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Сурия, ки дар мамолики гуногун умр ба сар мебурданд ва инчунин нисбати мақолаи узви ҲХДТ, омӯзгори ДДМИТ Г. Д. Ёқубова дар бораи “Терроризм: падарони гумроҳ, модарони саргардон ва кӯдакони овора” ибрози сухан намуд .
Ҳамзамон ба 3 нафар, ки хоҳиши аъзо шудан ба ҲХДТ доштанд билетҳои ҳизбӣ супорида шуд .
Дар қисмати Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, пули байни ҷамоат ва деҳаи Савдаро таъмир намуда, роҳи деҳаро ба масофаи 300 метр сангфарш намоянд.