Темурмалик: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū.
Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” баргузор гардид .
Зимни мулоқот масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар бораи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ва дар ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуданд.
Дар идома, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ки бо иштироки тамоми раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид, таассуроти хешро баён намуданд.
Дар аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, барои таъмири бинои ёрирасони муассисаи таълимии деҳаи худ ба маблағи 600 сомонӣ масолеҳи таъмирро харидорӣ намуда таъмирро ба итмом расонанд.