БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАЪЛИМ ФАРОҲАМ МЕОРЕМ!

     ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии  «Хлоз Раҳматулло»-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқот роҳандозū гардид. Самтҳои   фаъолияти ҳизб дар меҳвари мулоқот қарор дода шуда, дар ин бобат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон муфассал баромад намуд.

      Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки вобаста ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳū ва ҳунарҳои мардумū вазифаи ҳар яки мо бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ  мебошад.

Дар охир дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Хлоз Раҳматулло”-и шаҳраки Панҷ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21   китобҳои дарсӣ такдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg