ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии Тухмипарварӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқот роҳандозū гардид. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар меҳвари мулоқот қарор дода шуда, дар ин бобат мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Сайдамир Ғафуров муфассал суханронӣ намуд. Дар баромадаш ў қайд намуд, ки вобаста ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳū ва ҳунарҳои мардумū вазифаи ҳар яки мо бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолū мебошад.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Тухмипарварӣ”-и шаҳраки Панҷ ба муассисаи таълимӣ китобҳои дарсӣ такдим карда шуд.