
Кӯшониён: Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар вохӯрӣ оид ба самтҳои фаъолияти ҲХДТ, ифтитоҳи чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва дигар дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бузургтарин дастоварди замони истиқлолӣ бунёди НБО “Роғун” мебошад, ки ормони миллии мардуми тоҷикро амалӣ намуда, ҷиҳати рушду пешрафти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.