Паём – ҳидояти нек ба аҳли ҷомеа

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор бо мардуми деҳаи номбурда оид ба баррасӣ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳоров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Фирӯзи Саидмуъмин, муовини раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор Дилафрӯз Муродова ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокдорони  вохӯрӣ қайд доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои балндпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахши давлату Ҳукумат ҳидоят менамояд.IMG_20180104_160039_0.jpg

Дар вохӯрӣ аён гардид, ки сокинони деҳаи Гулистон аз Паёми Президенти кишвар илҳоми тоза гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош намуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________