Қубодиён: Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади дастгирӣ намудани оилаҳои ниёзманд ва дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва ташкилоти ибтидоии “Заркамар”-и Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён ба 1 нафар маъюб Сафаров Турсун кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маъюб Сафаров Турсун ва аҳли оилаашон хурсанд гашта ба ташкилкунандагони аксия изҳори сипос намуданд. Шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва Роҳбари хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд.