БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН - ТАЪМИНГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

     Ёвон:  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū!

     Бо мақсади тарғиби дастоварди нодири миллат, ба истифода додани чархаи дуюми НБО Роғун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тоҷикистон манбаи нури чароғон» баргузор гардид, ки аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба миқдори 1000 адад маводҳои таблиғотӣ дастраси аҳолии ноҳия гардонида шуд.

    Ба истифода қарор гирифтани агрегати дуюми НБО Роғун, ин ҳам бошад  дар рӯзи 9 сентябр  -  ҷашнӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи нодир ва лутфи тақдир аст, барои ҳар як тоҷику  Тоҷикистонӣ

   Имрӯзҳо   кулли мардуми Тоҷикистон табли шодӣ мезанад,  зеро  давоми муҳлати начандон дароз, яъне давоми ду сол,  ду агрегати НБО  Роғун ба истифода супорида шуд. Яъне ду сол муқаддам, яъне 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО  Роғун ҳусни оғоз бахшида, дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО Роғун  яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg