
Вахш: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū!
Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навкорам» баргузор гардид . Зимни мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар бораи самтҳои фаъолияти ҳизб ва рӯйдоди муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол - ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, ки маҳз дар рӯзи таҷлили 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, суханронӣ намуданд.