БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Ҷ.Балхӣ: Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озмоишгоҳи ветеренарӣ” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои ташкилот баргузор гардид.

Зимни мулоқот Зафар Алиев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба самтҳои   афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  дастовардҳои 28- соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар бораи кушодашавии агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ кард. Иброз шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО  Роғун эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад ва аз ин эътибору шуҳрати Ватани азизамон боз ҳам баланд гашта, мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ устувор мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg