
АНДЕША. Воқеан ҳам дар таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намудани чархаи дуюми НБО-и Роғун яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар даврони Истиқлолият буда, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин рӯйдод хотирмону фаромӯшнашаванда аст.
Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми Тоҷикистон ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷику тоҷикистоние, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор набошад.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи бо арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодааст, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшидааст.
Иншооти Роғун хамчун нерӯгоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашида истодааст.
Сунатулло Шеров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён