БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ НБО РОҒУН АРСАИ НАНГУ НОМУС АСТ!

АНДЕША. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.  Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

   Хушбахтона бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳёи давлати миллии худ ноил гардид. Агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона,  аз ҷумла  Точикистон истиқлолият  ба осонӣ муяссар гардида бошад,   нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо дар оғоз бароямон ниҳоят гарон афтод. Бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар минтақаҳои пас аз Шӯравӣ, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Лекин бо шарафи хиради азалии миллати тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари парокандашавии миллат   эмин дошта шуд.

     Ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми кишвар вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот,  оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва бадин васила расидан ба сатҳи зиндагии шоиста буд.

      Албатта,  барои ба ин ҷараёни созанда ноил шудан, аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯхта,  аз таҷрибаи ҷаҳони муттамаддин баҳра бардоштем.  

      Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз 1100 сол пеш анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва орзуҳои волои миллии худро, ки дар меҳвари давлати мутамаркази Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шуҳрат пайдо карда буданд. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгар муаррифӣ кардааст.

      Имрӯз Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии  фарзанди содиқу хирадманди худ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо миллати кӯҳанбунёду  соҳибтамаддунаш хамчун кишвари соҳибистиқлол ба шоҳроҳи бузург ворид гардид, ки ҳадафи асосии мардуми он бунёди давлати демократии дунявӣ,  ҳуқуқбунёд, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

     Бояд гуфт, ки баъди соҳибистиқлол гаштани кишвар, аз рӯзҳои аввали давлатдории навини тоҷикон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли кишвар муқарар намуд.

       Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиданд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нав дар даврони истиқлолият дар самти некӯаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеъи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истдодааст.        Ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳи барқии обии Роғун пеш аз ҳама аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро метавон арсаи номус ва қаҳрамонӣ номид. Бо нишон додани қаҳрамониҳои мардуми тоҷик дар корзори Роғун миллати тоҷик ба яке аз дастовардҳои бузургтарини замони Истиқлолият – ба даст даст овардани истиқлолияти энергетикӣ хоҳад расид.

Маҳмадаюб Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg