БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифтитоҳи боз як бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод

Санаи 10 сентябри соли 2019 дар арафаи ҷашни муқаддасу пурарзиш, 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур роҳбарияти вилояти Хатлон аз ҷумла, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар вилояти Хатлон Рахмонзода Абдулло, муовини аввали ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Нурализода Амрулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок доштанд

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Мӯъминобод дар доираи дастуру супоришҳои протоколии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 16.02.2018 ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дода буданд, сохта шудааст. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз шаш утоқи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад ва дар онҳо барои кормандон тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.

         Мавриди зикр аст, ки аз аввали соли ҷорӣ бо шумули бинои ҳизб дар ноҳияҳои Ховалинг, Кулоб бинои ҳизб дар ноҳияи Муъминобод  сеюмин бинои ҳизб аст, ки дар доираи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди истифодабарӣ қарор гирифта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg