БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРИ ҚАРОР ДОДА ШУД

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кулоб дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2017 оғоз шуда, бо ифат баланд ба анҷом расидаанд. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар фаъолият до ранд, ки аксари онҳоро ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Сокинон ва аъзои ҳизб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.

Зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда дар бинои мазкур Сарвари давлат ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ ва фаъолияти пурсамар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се мошини хизматӣ туҳфа карда шуд, ки онҳо ба кормондони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор пешбинӣ гардидаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg