БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲАР ГӮШАИ МЕҲАН МАРОМИ МОСТ!

Ш.ШОҲИН.  Дар доираи  Соли баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

       Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Мамнӯъгоҳ»-и Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида  шуд.

    Ташкилкунандагони вохӯрӣ  атрофи  дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 28 сол, кушодашавии агрегати дуюми НБО-и Роғун, ки ба ҳар хонадони  тоҷику тоҷикистонӣ нуру зиё, бахту саодат мебахшад ибрози назар карда, иштирокдоронро барои расидан ба қадри заҳматҳои созандаи Пешвои миллат  ҳидоят намуданд.

     Инчунин, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки  ҳар яки он масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Сокинон аз баргузории вохӯрии судманд таассуроти нек бардошта, чанде аз онҳо дар баромадашон иброз доштанд, ки дар ободии  ҳар як гӯшаи Ватан камари ҳиммат мебанданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg