БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН КАФИЛИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТИ МИЛЛАТ АСТ!

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Сомониён”-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

    Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳизби ноҳия  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», дастигрии ятимон ва оилаҳои ниёзманд, истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ба фаъолият оғоз намудани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, суханронӣ карданд. Ҳамзамон дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҷамъомадагон расонида шуда, аз ҳар яки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал  оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg