БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Дониш» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки 28-сол муқаддам Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин воқеаи таърихӣ мебошад, сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуд. Ин ҳодисаи фараҳбахш дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли 1991 бо пош хӯрдани собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваст ва ҳамаи давлатҳои аъзо дар алоҳидагӣ ҳар кадоме соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Дар баробари онҳо Тоҷикистони азиз низ 9-сентябр расман Истиқлолияти давлатиро   қабул кард. Аз ҳамон рӯз то инҷониб ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас, иди наҷот, саодат, сарфарозӣ, хушбахтӣ ва пирӯзӣ маҳсуб меёбад.

Дар охири чорабинӣ бо мақсади дастгирию кумаки оилаҳои ниёзманд  ташкилоти ибтидоии хизбии «Дониш» ба ду нафар хонанда   либосҳои мактаби кӯмак намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg