
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷанши муқаддаси миллӣ - 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии №7 мустақар дар деҳаи Муҳоҷирободи Ҷамоати деҳоти Дарқад вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин қайд карданд, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору шукургузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои Истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.