БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РОҒУН” ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

      Дар ташкилоти ибтидоии «Фаровон Қӯрғонтеппа» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

      Дар назди ҳозирин намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи “Роғун ифтихори Тоҷикистон” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, зеро 9- сенятбри соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Ин руйдоди таърихиро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон интизор буданд ва он рӯз ҳам фаро расид. Барои расидан ба он рӯзе, ки НБО Роғун пурра ба кор дарояд, моро лозим аст, таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона заҳмат кашида, ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузорем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg