БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Меҳрободи  Ҷамоати деҳоти Гулистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

     Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани амалҳои хайру савоб ва ташкилу баргузории ҳашарҳо ва корҳои дастаҷамъона ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханронӣ намуданд.

       Аз баргузории чорабинӣ иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардошта, ба масъулини ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

      Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо саҳми сокинон барои татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳҳои деҳа тахту ҳамвор ва равшаннамоии кӯчаҳо таъмин карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg