БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ БО МАҚСАДИ ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Чимғилиши Ҷамоати деҳоти Заркамар  хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   баргузор карда шуд.

    Дар вохӯрӣ масъулин доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла эҳёи анъанҳои неки ниёгон бо мақсади аз нав ривоҷ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қуроқордӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳо сухнаронӣ карданд. Вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ  қайд доштанд, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаҳои аҷдодӣ тарбия намоем ва аз хурофоту бегонапарастӣ  худдорӣ кунем.

   Дар идомаи вохӯрӣ дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ низ   ба сокинон расонида шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg