БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН КАЪБАИ НУР ВА МАХЗАНИ ГАРОНАРЗИШ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов вохӯрии  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Холиқзода Хоким  бо аҳли ҷамоатчигӣ доир карда шуд.

   Зимни суханронӣ мавсуф дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолият дар тӯли 28 сол ва аҳамияти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун   қайд кард, ки баҳри расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ аз соли 2009  корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз гардида, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

   Гуфта шуд, ки ба истифода додани нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки дар мамлакат садҳо корхонаҳои саноатӣ ташкил ёфта, ҳазорон ҷойҳои корӣ фароҳам гардад ва дар ин робита мардум ба зиндагии шоиста таъмин шаванд. Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯзҳо дар пайи ободии Ватан бо меҳнати софдилона  Роғунро обод месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg