Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷанговарони Башардӯст” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28- соли мустақилӣ ибрози назар намуда, аз ҷула қайд доштанд, ки: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аъзо ва ҷонибдоронаш барои пойдории Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ нақши асосӣ мебозанд.
“Мо – аъзои ҲХДТ ҳамеша ҷонибдори Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз буда, сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем”, қайд намуданд, иштирокдорон.