
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар мавзӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, мубориза бо коррупсия, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВНМО, гепотит ва хатари онҳо ба генофонди миллат, пешгирии содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонону суханронӣ намуда, кормандони соҳаро даъват карданд, ки дар ҳифзи солимии ҷомеа, ки асоси рушди давлату миллат мебошад ҳамеша фаъол бошанд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар саҳни бинои ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” як қатор корҳои ободонӣ амалӣ шуданд.