БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДОДИИ КИШВАР АЗ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕШАВАД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кормандони масъули кумитаи  мазкур   дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Назарбой»-и Ҷамоати деҳоти Чагам вохӯрӣ анҷом доданд.

    Сокинон бо  рӯҳия болида дар таҷлили    28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар якҷоягӣ  бо соҳибкорони муваффақ   корҳои ободониро ба роҳ монда, гирду атроф ва роҳҳои байни деҳаро тозаву озода намуданд.

     Дар қисмати назариявии  чорабинӣ масъулини ҳизб дар ноҳияи мазкур  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба таваҷҷуҳи иштиркдорон расонида, аз ҳар як сокини бонангу номус ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободии кишвар даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg