
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Султонобод”-и Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид ва дар он аз ҷониби масъулини ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба иштирокдорон фаҳмонида шуд.
Дар рафти суҳбат атрофи дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи дуюми НБО-и Роғун ҳамчун иншооти стратегии кишвар суханронӣ карданд.
Дар ин баробар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии шахсони ватандӯст роҳандозӣ гардида, атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 -и деҳаи Султонободро бо хишти бетонӣ девор карда истодаанд.