БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

ХУРОСОН. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.      

      Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдуназар Соҳибназаров»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиик  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 28-сол, зери назорати ҷидди қарор додани наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, ҳамзамон риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»   баррасӣ  шуданд.  

Дар охир  дар партави аксияи ҳизбӣ ба як нафар маюби гурӯҳи якум кӯмаки моддӣ расонида шуд.          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg