БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ- ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

   Зимни баромад масъулин  дар бораи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон сӯҳбат намуда, афзуданд, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

   Ёдовар шуданд,  ки бо мақсади таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби  лоиҳаҳои  давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ  беш аз 12 млрд сомонӣ равона карда шудааст.  Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳама сайъу талоши худро ба хотири боз ҳам пешрафтаву мутараққӣ гардидани Тоҷикистони азиз ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори он  равона кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg