БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БОЛОРАВИИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани мсъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Рудакӣ”-и Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ дар  мавзӯи “Ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ” суханронӣ намуда, зикр карданд, ки  Паёми навбатӣ фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтааст ва бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст, ин пешниҳод аз ҷониби сокинони кишвар дастгирии ҳамаҷониба ёфта,  дар баланд гардидани ҳисси масъулияти  шаҳрвандон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши  муҳим  дорад.

     Дар идомаи чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дастгирии  раиси ташкилоти ибтидоии  “Рӯдакӣ”  ба 1  оилаи ниёзманд    кӯмаки  ғизоӣ расонида шуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg