БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МАҚСАДИ АЗ БАЙН БУРДАНИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов вохӯрии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

     Дар  суҳбат вобаста ба  мафҳум ва хатарҳои экстремизму терроризм сухан рафт, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди  терроризм  ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Зикр шуд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.

     Дар идома қайд карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти экстремизм буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои  гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулу воситаи мавҷудбуда самаранок истифода бурда, бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg