БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОФОТПАРАСТӢ ЯК ШОХАИ ИФРОТГАРОИСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “ҶСШК Каёнуш”-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.

     Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ вобаста ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ суҳбат ороста,  қайд намуданд,  ки  ҳар яки мо бояд дар роҳи тарғиби  урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок кӯшиш карда, дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон   пешқадам бошем. Бо ин мақсад   зарур аст анъанаҳои  неки мардумиро  миёни сокинон мавриди омӯзиш қарор дода, дар зиндагии ҳаррӯзаамон бозгӯ бошем.

     Дар идомаи ин вохӯрӣ   Аксияи  ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида,  аъзои ташкилот ба корҳои ободонӣ  машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg