БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОСТАГИИ МАЪНАВИЁТ БА ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ МЕБАРАД

ВАХШ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.      

     Дар  ташкилоти  ибтидоии «Ориёно»-и  Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш  вохӯрии  навбатии  кормандони  Кумитаи  ноҳиявии   ҲХДТ       бо сокинон  дар  мавзӯи  «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» баргузор гардид.

    Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қайд карданд, ки ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфитҷӯву тахрибкор баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд. Қайд шуд, ки дар ҳамаи давру замон омили боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа,   нооромиву тундгароиҳо таассуби динӣ мебошад.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg