Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

НБО-и РОҒУН - НУФУЗУ ОБРӮИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁРИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Ҳар давлату миллат ба худ нақшаву ниятҳо ва стратегияҳои миллии рушдро дорад. Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон  ҳадафҳои миллӣ рӯйи кор омаданд, ки рӯз то рӯз онҳо зина ба зина   амалӣ шуда,  сатҳи некуаҳволии мамлакат беҳтару хубтар шуда истодааст. Ноил шудан ба се ҳадафи асосӣ - раҳои бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикро Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз вазифаҳои асосии худ муайян намуда буд.

      Дар даврони шӯравӣ системаи энергетикии Тоҷикистон аз системаи энергетикии кишварҳои ҳамсоя  вобастагии калон дошт. Бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ва пайдо шудани сарҳадҳо Тоҷикистон аз системаи энергетикии ҳамсоякишварҳо қисман канда шуда, ё ин ки интиқоли нерӯи барқ ба душвориҳои зиёд ба даст меомад.

     Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи миллии таъмини истиқлолияти энергетикиро пеш гирифт. То имрӯз ин ҳадаф пайгирона ва зина ба зина амалӣ гардида   истодааст. Аз ҷумла дар доираи татбиқи ин ҳадаф дар кишвар якчанд неругоҳҳои барқии обӣ бо иқтидорҳои гуногун сохта баистифода дода шуданд. Ҳамзамон ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии  мавҷуда  таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар ин давра НБО-и “Сангтуда-1”, “Сангтӯда-2”, “Тоҷикистон” ва ғайра сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, таҷдид ва азнавсозии НБО-и Норак ва Сарбанд идома дорад.

   “Иншооти бузурги аср”, “арсаи мардонагӣ”, “Кохи нури Тоҷикистон”, “Манбаи нури ҳар хонадон”, “Гармии қалби ҳар фарди Ватан”, “Сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми Тоҷикистон”, “Нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон” чунин унвон додаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба   НБО-и Роғун.    НБО-и Роғун калонтарин неругоҳ дар силсиланеруҳҳои руди Вахш буда, бо баландтарин сад дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Он аз 6 агрегат иборат аст, ки иқтидори лоиҳавии он 3600 МВт баробар аст. Дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш НБО-и Роғун дар як сол метавонад 17 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол кунад.

     Дар рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-ноябри соли 2018 аввалин агрегати НБО-и  Роғун ба истифода дода шуд. Дар ин санаи фархунда ба кор даровардани он басо разми буд. Зеро ташаббускори асосии сохта ба истифода додани НБО-и Роғун маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. 

     Имсол   9- сенятбр барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон санаи хотирмону фаромӯшнашаванда аст, зеро дар баробари таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Барои инъикоси чорабинӣ намояндагони бешумори воситаиҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ширкат намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи махсусро соҳиб аст.

     Бо ба кор оғоз намудани ду агрегати НБО-и Роғун Тоҷикистон метавонад, худ ва ҳамсоякишварҳоро бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд.

       Инак, тақрибан як сол мешавад, ки барқи Роғун ба системаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардида, дар хонадони ҳар яки мо нурпошӣ мекунад.

   Ҳамаи тоҷикикистониён ва ҳамватанони бурунмарзиро  ба муносибати ба фаъолият оғоз намудани чархаи дуюми НБО-и “Роғун” табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки бигузор нурҳои “Роғун”   ба ҳаёти мо шодиву сурур ва нишоти беандоза оварад.

БА ПЕШ ТОҶИКИСТОН! ЗИНДА БОД БУНЁГУЗОРИ НБО-и “РОҒУН” ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!

Раҷабализода Парвиз, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg