Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТОҶИКИСТОН КИШВАРЕСТ МАНБАИ НУР ВА РУШНОӢ!

АНДЕША. Ба кор даромадани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар  рӯзи таҷлили  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, он бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Сохтмони ин иншооти азими аср бо азму талошҳои созандагии халқ ва бо ҳидоятҳои бузурги Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон сурат гирифта, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рӯ ба рӯ хоҳад сохт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли хоҷагидории кишвар муқаррар намуданд.

Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бахти миллати тоҷик, чархаи дуюми НБО Роғун   ба кор дароварда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва фаъолони шаҳри Роғун санаи 26-уми июли соли 2018 «Таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.»

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлатамон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Натиҷаи ҳамин ташаббусу иқдомҳо мебошад, ки сар карда аз зимстони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.

Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида истодаанд.

Иқтидори лоиҳавии НБО “Роғун” 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат мебошад. Баландии сарбанди он 335 метр буда,  дар ҷаҳон ҳамто надорад. Нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ҳосил намояд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар раванди сохтмони нерӯгоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ба рафти сохтмон шинос гашта,  бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат такони ҷиддиест дар бунёди ин нерӯгоҳи азиму пуриқтидор.

Маврид ба таъкид аст, ки барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ барномаҳои гуногунро амалӣ намояд. Ин барномаҳо иборатанд аз сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рӯдҳои мамлакат. Сохтмони пурраи НБО Роғун барои ҷумҳурии мо ҳаётан муҳим арзёбӣ шуда, Тоҷикистон ба се ҳадафи стратегии давлат ноил гашта, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозии бахши аъзами онҳо муваффақ буда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.

Хушбахтона, бо шарофати неъмати истиқлол ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар зарфи 28 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооту сохтмонҳои азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рӯзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст.

Воқеан ифтитоҳи чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар қалби мардум дубора шодию фараҳро тасхир кардааст. Дар воқеъ, қабл аз ҳама дар сохтмони Роғун саҳми Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро ӯ тавонист бо азми қавӣ рӯ ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, Роғунро ба иншооти миллӣ табдил диҳад. Гузашта аз ин бунёди иншооти мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин муваффақияти мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурӯгоҳи барқии обии “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамоти миллат дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо ба истифода додани НБО Роғун имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад».

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои он бунёд мешавад, ки асрҳои аср ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва минтақа хидмат намуда, оламеро чароғон созад. Бунёди НБО Роғун исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама хостаҳо ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.

 

Тағоймурод Ҳасанзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg