Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

НБО РОҒУН ШУҲРАТИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Ба кор оѓоз кардани чархаи дуюми НБО Роѓун дар рўзи таљлили љашни 28-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон  туњфаи олї ба мардуми шарифи Тољикистон мебошад. Ин як ќадами устувор дар роњи расидан ба истиќлолияти энергетикии кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ояндаи иқтисоди кишварро дар асоси захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ дониста, барои ҳалли масоили мавҷудаи соҳа, пеш аз ҳама, ба бунёду барқарорсозии НБО «Роғун» ҷаҳду талош намуданд. Миллати баору номус бо раҳнамоии Сарвари бузургу кордон ба сохтмони иншооти азими аср пардохт.

Бунёди ин нерӯгоњ имконият медињад, ки мо ба истиќлолияти энергетики ноил гардем ва ин на танњо эњтиёљоти ба барќ доштаи Тољикистонро комилан ќонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иќтисодиёти тамоми минтаќа такон бахшида, њамчунин шароит фароњам меорад, ки ба кишварњои њамсоя, аз љумла ба Афѓонистон ва Покистон барќ содир гардад.

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии халқи меҳнатқарини кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат буд, ки 16 ноябри соли пешин агрегати якуми ин иншооти муҳим ба кор даромад ва боби наве дар рушди давлатдорӣ боз гардид.

Пӯшида нест, ки соњаи энергетикаи љумњурї дар давоми 28 соли Истиќлолияти давлатї ба дастовардњои бузурге ноил гардид. Имрўз таќрибан њама дар бораи Нерӯгоњи барќи обии Роѓун сухан мегўянд.

Қобили зикр аст, ки пас аз бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ, дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз гашт ва дар ин давра Нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд.

 Сохтмони иншооти бузург воќеан ќањрамонї буда, кишвари моро аз буњрони энергетикї рањо месозаду бо манбаи азими нур Тољикистони азиз ба зинаи баланди тараќќиёт по менињад. Бо бунёд гардидани Нерӯгоњи барќи обии Роѓун иќтисодиёти кишвар дањчанд боло рафта, некӯањволии мардум фароњам меояд ва Тољикистони азиз ба ахтари њамешатобон мубаддал хоњад гашт.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон  хеле ба маврид зикр карданд, ки «Бунёди Нерӯгоњи барќи обии  Роѓун истиќлолияти пурраи энергетикии  кишварро таъмин менамояд. Бегуфтугў, ободиву зебоии њар як давлат ба истиќлолияти энергетикї сахт вобаста аст, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин, коммуникатсияи њозиразамон, тараќќї карда наметавонад. Аз ин лињоз, мо бунёди нерӯгоњњои барќи обиро калиди њалли мушкилоти иќтисодиву иљтимої ва афзоиши нерӯи содиротии кишвар мешуморем».

Воќеан њам, бунёди ин иншооти азими стратегии мамлакат барои њар фарди соњибватани бонангу номус шараф асту ифтихор, ки амри дилу виљдон дар ин кори хайр њисса мегузоранду дар сањфаи таърих бобби наве мекушоянд, ки оѓози он калиди фатњ асту навиди бахти миллати покнажоди тољик.

  • истифода додани агрегати дуюми НБО "Роғун" 9- сентябри  соли 2019, ки маҳз бо шарофати саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва мењан ќавитар намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани  рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.

 

Мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот

ва матбуоти Кумитаи иљроияи ЊХДТ

дар шањри Левакант                                                      Суњроб Валиев

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg