БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ¬ КИШВАРЕСТ, КИ НУР МЕБАХШАД

АНДЕША. Даҳ сол пеш вақте, ки сохтмони НБО –и Роғун аз нав оғоз шуд, дар кишвар ҳолу ҳавои аҷибе пайдо буд. Албатта аксарият аз ин иқдом хушҳол буданд. Вале нафарони дигаре аз дохилу хориҷ ҳамон солҳо садо баланд мекарданд, ки Тоҷикистон қудрату тавоноии бо қувваи худӣ сохтани ин иншооти азимро надорад. Чун имрӯзҳо кор дар сохтмони ин иншооти аср то дараҷаи наздик ба анҷомёбисту имрӯзҳо чархаи дуюми он ба кор андохта шуд, дар дили ҳар сокини кишвар шарорае аз шавқу хушҳолӣ ва умед ба ояндаи боз ҳам дурахшонтари меҳан ба вуҷуд омадааст.

       Соли гузашта 16- ноябр чархаи аввалини ин нерӯгоҳ ба кор шурӯъ намуд. Ин воқеа натиҷаи мукаммал ва бузурги қадамҳои устувори давлату миллат дар роҳи бунёди Роғун буд. Акнун, ки дар ин роҳ қадами дуюми мустаҳкам гузошта шуд. Умед аст, ки чархаҳои дигари он пай дар пай ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Дур нест он рӯзе, ки НБО Роғун ба тамом бунёд шаваду истеҳсоли барқаш фаровон ва дастраси на танҳо мардуми кишвар, балки хориҷ аз он гардад.

     Имрӯзҳо мо, миллати тоҷик ва кулли бошандагони Тоҷикистони азиз, воқеан хушиқболему хушҳол. Ҳарчанд ин ҳарфҳо нав нестанду такрориянд, аммо вақте аз ободиҳову пешравиҳои меҳану миллат дил фараҳманд мешавад ва мехоҳӣ ҳарфе бигӯӣ, дигар такрор будану набудани онҳо дар назар наменамоянд ва дигар муҳим нест, ки такрор аст ё на.

    То кунун тамоми сокинони Тоҷикистони азиз, кулли тоҷикони ватандӯсти олам ва ҳатто халқу миллатҳо ва давлатҳои дигар дар интизори фурӯғи нури муҳташаме дар Тоҷикистон буданд, ки он бо хости Офаридгор ва бо сабаби талошҳо ва тадбирандешиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст.

    Ин фурӯғи нур, падидаи бузурги таърихии фаромӯшношуданиест барои тамоми мардуми Тоҷикистону барои онҳое, ки ба некӣ интизори ин рӯзу ин падида буданд ва боз интизори анвори бузургтару муҳташамтаре аз ин ҳастанд.

     Аз он ҷойе, ки кор дар иншооти бузурги НБО-и  Роғун аллакай то ба ин ҳад расидааст, метавон бо боварӣ гуфт, ки кишвари мо ва халқи мо метавонанд, ки корҳои бунёдӣ дар ин иншооти бузурги асрро боз ҳам бо қувваи худӣ дар иттиҳоду ҳамбастагӣ идома диҳаду ба сомон расонад. Ва рӯзе Тоҷикистони офтобӣ боз бо номи дигаре - Тоҷикистони нурбахш муаррифӣ хоҳад гашт. Бошад, ки ин ном барояш номи ҷовидонӣ гардад!

Ва Худо кунад, ки   НБО-и Роғун ба пуррагӣ бунёд гардад ва  кишвари мо ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи бузурги барқи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон то рӯзе, ки одаму олам ҳаст, арзи ҳастӣ намояд!

Фаъол гардидани дуюмин агрегати НБО-и Роғун муборак аст. Ва ин  дастовард  муборакамон бод, эй ҳамватан, эй ҳамзабон, эй ҳаммаром!

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg