Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

РОҒУН САРЧАШМАИ ИҚБОЛ ВА ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША.  Миллати тоҷик бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо намуд, ки тақдири худро бо дастони худ бинависад  ва ояндаи худро бунёд намояд.    

 Ҳукумати  Тоҷикистон баъди хомӯш намудани оташи ҷанг дар мамлакат, баргардонидан ва ҷо ба ҷо намудани гурезагон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои   стратегии  давлат – аз ҷумла Истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.

      Дар замони соҳибистиқлолӣ    чандин нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург сохта,  дигар нерӯгоҳҳо таҷдид   шуда бошанд ҳам,  талаботи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба нерӯи пурра қонеъ нагашт.     Норасоии нерӯи барқ тайи солҳои зиёд на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки ба ҳама соҳаву бахшҳои иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонд. Барои ҳалли мушкилоти норасогии барқ, таъмини Истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати мамлакат Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро иншооти сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёдии онро бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба  ба роҳ мод. Яъне, Нерӯгоҳи  Роғун омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад. 

    Пешвои миллат дар суханрониаш оид ба бунёди “Роғун” аз ҷула таъкидан гуфта буданд,  ки  “Мо набояд бо умеди дигарон бошем,  зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.”

        Сохтмони иншоот дар замоне оғоз шуд, ки дунёро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва иқтисоди миллии мо низ таҳти фишори он  қарор дошт.  Бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳ, илова ба  маблағҳои аз буҷет ҷудогардида мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин ҳамватанони брунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

     Бо ҳамаи душвориҳои садди роҳ нигоҳ накарда, чи тавре шоир мефармояд:

Баъди баҳсу баъди даъво,

Баъди ғавғо баъди иғво,

Баъди сад афкори ноҷо,

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,

Кохи нур барпо шуд ин ҷо!

“ Роғун” бунёд  ва аз  афсона ба ҳақиқат табдил ёфт.

     29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик, воқеан, як санаи бузурги таърихӣ буд.  Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барпо шуд. Ин рӯйдод боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат дар зарфи 1,5 соат бо техникаи пуриқтидор баст ва ба бунёди сарбанди  ин иншооти бузурги аср оғоз бахшид.

    Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии  “Роғун”дар таърихи 16 ноябри соли 2018 на танҳо барои сокинони кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои аксари мардумони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон рӯйдоди муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад.

     Ин дастоварди муҳими даврони Истиқлолияти давлатиро, ки бевосита  бо ташаббус, матонат, боварию эътимод ва хиради ояндабинии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидем,   дар он рӯзи таърихӣ мардуми олам аз шабакаҳои гуногуни телевизионӣ тамошо карда, ба нерӯи созандаи халқи тоҷик аҳсан хонданд.

Мо на Роғун , хештанро аз обу хокат сохтем,

Эй  Ватан,  эъҷозкори ту вафои миллат аст.

Ман  аминам, Тоҷикистон тоҷи дунё мешавад,

Пешвое гар чунинаш Пешвои миллат аст, - фармудааст шоир Гулназар Келдӣ.

     Қайд намудан бо маврид аст, ки номдортарин ширкатҳои ҷаҳонӣ хостори дар сохтмони ин иншооти воқеан нодир фаъолият карданро доштанд.   Яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони интихоб дошт, ки аз миёни онҳо беҳтаринҳоро ҷалб намояд, ки ин на ба ҳар давлат даст медиҳад. Алҳол даҳо ширкатҳои беҳтарин ба бунёди нерӯгоҳ машғуланд.

    Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар рӯзи таҷлили 28 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 2019, дар ин рӯзи муқаддас ва фаромӯшнашаванда сокинони кишвар ва ҷаҳон шоҳиди аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор андохтани  чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  гардиданд.  Бо ба кор андохтани чархаи дуюм иқтидори истеҳсолии Роғун афзун мегардад ва Тоҷикистон биҳиштосои мо дар роҳи махзани нури Қитъаи Осиё гаштан қадами устувор мегузорад.   

   Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳадяи ҳамзамонони мо ба наслҳои ояндаи миллат аст.

Яқин дорам, ки нурат нури имон аст,

Мадори тоҷу тахти Тоҷикистон аст.

Шукуҳи ворисони Оли Сомон аст,

Барои саҳмдорӣ амри виҷдон аст.

Ба дасти хештан месозамат “Роғун”,

Ба дастури Ватан месозамат”Роғун”.

  Ин пирӯзию саодатмандию хушбахтӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg