БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН МАНБАИ НУР АСТ

АНДЕША. Мавриди  истифода қарор гирифтани агрегати дуюми НБО-и  Роғун дар рӯзи 9 сентябр, ҷашнӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи нодир ва лутфи тақдир аст, барои ҳар як тоҷику  Тоҷикистонӣ

Имрӯзҳо     кулли мардуми Тоҷикистон    табли шодӣ мезанад,  зеро  давоми муҳлати начандон дароз, яъне давоми ду сол  ду агрегати НБО-и  Роғун ба истифода супорида шуд. Яъне ду сол муқаддам, яъне 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и Роғун ҳусни оғоз бахшида, дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и Роғун  иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст:  “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

   Гуфтаҳои пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими кушодашавии агрегати дуюми НБО-и  Роғун ҳеҷ як Тоҷикистонӣ ва фарди ватандору худшиносро бетараф гузошта наметавонад, ки «… ман боре аз сафар нагаштаам, лозим шавад  нақби Анзобро бо панҷаву нохунҳо меканем.» Ин сухан ҳикматест, пандест, андарзест барои ҳар як фарди худогоҳу худшиноси миллат, хоса ҷавонони ватандӯсту ватандор.

    Дар маҷмӯъ бунёди НБО-и Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли  2018 ба истифода дода шуда, агрегати 2-юм рӯзи  9 сентябри соли равон мавриди истифода қарор гирифт.   Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати бунёди ин нерӯгоҳи аср саҳми арзандаи худро гузорад, зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

    Хулоса фардои дурахшони Тоҷикистони азиз аз бунёди НБО Роғун вобаста аст, зеро Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад.

    Имрӯзҳо бо ба истифода додани агрегати дуюми ин иншооти азими аср қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар метападу бори дигар аз тоҷику Тоҷикистонӣ  будани худ  ифтихор мекунад.  Дар саҳифаҳои таърих бунёди чунин   иншоот  камназир мебошад. Мо ҳама хуб медонем, ки бунёди НБО Роғун ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад.

Пешвои муаззами миллат, Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли фурӯғи нур  ба дили мардуми кишвар ва тоҷикони ҷаҳон нуру зиё, равшанию сафо ва ба тафаккури мардум  умеди ояндаро бедор месозад. Ҳар як қаҳрамониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди пулу роҳҳо, корхонаҳои азими саноатӣ, рушди мактабу маориф, билохира нерӯгоҳҳои азими аср нишона аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

    Дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО Роғун моҳиятан рамзиву амри воқеъият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеъи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду якдилӣ мардуми сарбаланди Тоҷикистон санг бар болои санге ниҳода, Роғунро сохтанд, то ки ояндаамон нурафшону дурахшон бошад.

   Мо сокинони кишвар, баъди суханронии Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи чархаи дуюми НБО Роғун ба хулосае омадем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари кишвар   дар пайи ободии ватани азиз аз ин ҳам беш камари ҳиммат мебандем.

 

Мақсуд Раҳматуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg