БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН КОХИ НУР ВА ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ!

АНДЕША. Соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун  дар  соҳили дарёи  Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд.

     Ин рўйдод муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар соли 2016 аз он ҷихат хотирмон буд, ки маҷрои  дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат тағйир дода, ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшид.

Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву  сулҳофарӣ, хиради азалӣ ва қалби пур аз меҳру муҳаббат нисбати мардуми Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён муаррифӣ гардид. Ин амал ибрати барҷастаи ватандорию ватандўстӣ буда, қаҳрамонист ба хотири ояндаи неки давлату миллат. Бо пурра ба фаъолият шурўъ кардани ин маъбади нур  имконият  аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд.

         Бо шарофати сиёсати созанда  Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии худ – расидан  ба Истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳад гашт. 16 ноябри соли 2018 бо гардиши чархаи аввали НБО «Роғун» рӯйдоди бузурге дар китоби  тақдир ва бахту саодати  кишварамон ба ҳарфҳои заррин сабт гашт.

         Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрўзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои  захираҳои бойи обӣ мебошад ва онро  бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат истифода намуд. Сиёсати ҳукумати кишвар оид ба бунёди НБО-и «Роғун»    баҳри амалӣ шудани оромонҳои халқ, давлат ва истиқлолият  мебошад. Имрўзҳо барои мардуми  тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ расидааст.  

         Дар ҳақиқат Роғун майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватан, шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии ҳар як фарди тоҷику  тоҷикистонӣ   гаштааст.

         Мардуми сарбаланди тоҷик имрўзҳо пайи ободии Ватани азиз санг болои санг гузошта, Роғунро обод намуда истодааст, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад.

Бо оғози ин иншооти бузург  миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ ва аз ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур,  баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун нури сафо ва шодиву нишоти  пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати ба ору номус ва аз заҳмати хурду бузурги ин сарзамини офтобиву обӣ ба авҷ сар кашидааст.   

Зимнан дар давоми 28-соли  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар  бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилот  таҳкурсии  давлати соҳибистиқлолро гузошта, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор монданд.  Аз ҷумла бунёди роҳҳои мошингарди Кулоб - Қалъаи Хумб, Шоҳон-Зиғар, Душанбе- Чайнак-Бўстон, Душанбе-Ваҳдат-Данғара, роҳи оҳани Кўлоб-Бохтар, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Шар-шар», нерўгоҳҳои барқии «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», «Помир-1» ва чандин иншоонти хурду бузурги дигар дар ин давра сохта ба истифода дода шуданд.

         Дар ҳақиқат Истиқлолият имкон дод, ки мо дороии хешро соҳибӣ кунем. Онро ба нафъи халқу миллати хеш истифода намоем. Муҳимтар аз он мо тавонистем арзишҳои миллию фарҳангии худро аз нав эҳё намоем ва билохира тавонистем бо талошу кўшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати ватансоз ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

         Хушбахтона агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик онро бо самимият ва ифтихор истиқбол гирифтанд.   Боз бори дигар тоҷикистониён соҳибдавлату соҳибмулк буданашонро ба оламиён собит намуданд.  Бо пайгирӣ аз сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, баҳри ободонию созандагӣ ва гул-гулгулшукуфии  Ватани азизамон Тоҷикистон аз ин ҳам бештар саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

          Файзизода Каримҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg