БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ САРЧАШМАИ ХУШБАХТИИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Панҷ вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамчунин ҷиҳати ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун  чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Панҷ Мирзокаримзода Сафархон иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  зимни баромади хеш иброз дошт, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg